Масҷидҳо аз 17 август боз мешаванд, вале намози ҷумъа баргузор намешавад

Масҷидҳо аз 17 август боз мешаванд, вале намози ҷумъа баргузор намешавад


Аз бомдоди 17 август дар саросари Ӯзбекистон ҳамаи 2070 масҷид фаъолияти худро оғоз мекунад. Дар ин бора идораи мусалмонони кишвар хабар дод.
Масҷидҳо ҳамарӯза бар асоси қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ фаъолият хоҳанд дошт, аммо то беҳ шудани вазъияти эпидемиологӣ намози ҷумъа баргузор намешавад.
Чанде пеш баъзе аз сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе кор накардани масҷидҳо хабарҳо паҳн шуда буд. Идораи мусалмонон ин хабарро рад кард.
Манбаъ: daryo.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ