Оё мумкин аст, ки баъди муолиҷаи COVID-19 низ ҳисси бӯйфаҳмӣ барнагардад?


Ҳама медонад, ки асоситарин нишонаи COVID-19 ин таб аст. Ҳамчунин, як аломати дигари ин беморӣ нафаҳмидани бӯй аст. Баъзе аз беморон баъди муолиҷаи COVID-19 низ бӯйро намефаҳманд ва ин боиси нигаронии онҳо шудааст.
Яке аз саволҳое, ки ба вазорати ҳифзи тандурустӣ омадааст, ҳамин аст. Оё, баъди шифо ёфтан аз коронавирус низ эҳтимоли барнагаштани ҳисси шомма мумкин аст?
Шуҳрат Боймуродов, узви штаби мубориза бо коронавирус ба ин савол чунин ҷавоб дод:
“Ин савол таваҷҷӯҳи мутахассисонро ба худ ҷалб кардааст. Чун, имрӯз якчанд нафар баъди шифо ёфтан аз коронавирус ҳанӯз ҳисси бӯйфаҳмиашон комилан барнагаштааст. Бино ба таҷрубаи шашмоҳа, нафаре нест, ки ҳисси бӯйфаҳмиаш комилан барнагашта бошад. Вале, дар баъзе ҳолат ҳисси бӯйфаҳмӣ баъди 2-4 моҳ бармегардад. Метавон гуфт, ки ҳисси бӯйфаҳмӣ комилан бармегардад”.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ