Тақрибан ҳазор нафар аз Ростов ба Ӯзбекистон баргаштанд


918 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон рӯзи 10 август бо қатора аз Ростови Русия ба роҳ даромаданд. Онҳо баъди сафари серӯза имрӯз ба ватани худ расиданд. Дар ин бора вазорати ҳамлу нақл хабар дод.
Шаҳрвандонро баъди расидан ба Тошканд бо автобусҳо ба марказҳои махсуси карантини вилояти Тошканд бурданд.
Ёдовар мешавем, ки баргардондани шаҳрвандон аз минтақаҳои федералии ҷанубӣ ва Қафқози Шимолӣ ба Ӯзбекистон бар асоси қарори комиссияи махсус роҳандозӣ шуд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ