Маркази карантини ноҳияи Самарқанд бо газ таъмин мегардад

Маркази карантини ноҳияи Самарқанд бо газ таъмин мегардад


Идораи сохтмону монтажи шӯъбаи “Hududgaz Samarqand” барои таъмини бемористони карантинии ноҳияи Самарқанд бо гази табиӣ дар 4 километр лӯлаҳои (қубур) газ мехобонанд. Дар ҳоли ҳозир дар 2,8 километр корҳои монтаж ба поён расидааст. Барои анҷоми лоиҳа беш аз 10 нафар коргар кор мекунанд.
Бо вуҷуди пандемияи коронавирус, идораи сохтмону монтажи шӯъбаи “Hududgaz Samarqand” корҳои худро бар асоси барнома идома медиҳад. Акмал Янгибоев, мудири идора гуфт, ки то ҳол дар минтақаи хурди саноатии “Тепа”-и ноҳияи Нарпай хатти 8,5 километрии газрасонӣ ба истифода супурда шуд. Ҳамчунин, дар минтақаҳои гуногун 17,9 километр хатти газрасонӣ, ки ҳоло истифода намешавад, “демонтаж” шуд. Дар ин рӯзҳо хатти газрасонӣ дар миёни маҳаллаи “Ҷавлон” ва маскани “Кадан”-и ноҳияи Каттақӯрғон лӯлаи газ дар 7,2 километр комилан таъмир гардид.
Маркази матбуотии шӯъбаи “Hududgaz Samarqand”

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ