⚡️Як шахс метавонад дар як вақт вирусро ба 8 нафар паҳн кунад — бо даст вохӯрӣ намудан манъ аст

Дар ин бора, профессори Донишгоҳи Калифорния, доктори илмҳои биологӣ Шароф Тугизов тавсияҳои муҳим дод:
🌀 Олимони Корея муайян карданд, ки баъзе одамон барои паҳн кардани вирус хавфи зиёд доранд. Чунин одамон 8-20 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳанд. Дар баъзе одамон, эҳтимолияти паҳн кардани ин беморӣ хеле кам аст. Баъзеҳо метавонанд дар як вақт ба 8 нафар паҳн кунанд.
Бо даст вохӯрӣ кардан мумкин нест. Ба оғӯш кашидану бӯса намудан ҳам манъ аст. Шояд суханони ман хандаовар садо диҳанд, аммо вазъият ҳаминро талаб мекунад. Агар мо ба ин риоя намоем, ба кам кардани шумораи сирояти коронавирус муяссар мешавем. Ин аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ