Чанд кишвари узви ИДМ барои оғози парвозҳо ба Русия омодаанд


Русия аз 1 сентябри соли ҷорӣ бо чандин кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил парвозҳои дуҷонибаро оғоз хоҳад кард. Дар ин бора Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Русия хабар дод.
Ба назари мутахассисони Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Русия, Маскав тақрибан рӯзи 20-август дар ин бора эълон мекунад. Ҳоло маълум аст, ки Қазоқистон ва Арманистон барои оғози парвозҳои дуҷониба бо Русия омода ҳастанд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ барои оғози парвозҳо асосу шароит доранд. Зеро, Русия онҳоро ба феҳристи 30 кишваре, ки барои оғози робитаҳои ҳавоӣ омодаанд, дохил кардааст.
Ёдовар мешавем, ки штаби махсуси мубориза бо коронавируси Русия дар оғози моҳи июл дар бораи роҳандозии дубораи робитаҳои ҳавоӣ қарор қабул карда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ