Мактабҳои Италияро бо мизҳои дарсии якнафарӣ таъмин мекунанд


Мактабҳои Италия ба соли таҳсили нав омода мебинанд. Ҳоло мактабҳои ин кишвар бо мизҳои (парта) дарсии якнафарӣ муҷаҳҳаз мекунанд. Дар ин бора Лючия Адзолина, вазири таълими Италия хабар дод.
Мақсад аз ин иқдом шароитсозӣ ба донишомӯзон барои риоят ба қоидаҳои ҳимоя аз коронавирус аст.
Мактабҳоро 11 ширкат бо мизҳои якнафарӣ таъмин мекунанд. Мактабҳои Италия ҳамагӣ барои 2,5 миллион дона мизи якнафарӣ супориш додаанд.
Ҳукумати Италия аз 14 сентябр оғози таҳсилро барномарезӣ кардааст. Барои соли таҳсили нав қоидаҳои нави бехатарӣ ҷорӣ мегардад. Қоидаҳо ба донишомӯзони синфҳои гуногун имкон медиҳад, ки бо ҳамдигар камтар рӯбарӯ шаванд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ