Шоир Гулназар Келдӣ вафот кард


Тибқи маълумоти Вазорати ҳифзи тандурустӣ, ки ба «Азия -Плюс» тақдим кардааст, чанд рӯз пеш шоир Гулназар Келдӣ бо гумони сирояти бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шудааст.
Вай чанд муддат дар ҳолати вазнин қарор дошта, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда шуда буд. Вале афсӯс беморӣ аз ин тан зӯр омада, ӯ аз олам чашм пӯшид.
Гулназар Келдӣ 20 -уми сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардараи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкунандаи факултаи таъриху филологияи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Вай муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, адиб ва рӯзноманигор, шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шумор меравад.
Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди 40 маҷмӯаи ашъори ӯ ба табъ расидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Тубу хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…» Оғӯши саршор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом» ва ғайраҳо аз он ҷумлаанд.
Устод Гулназар Келдӣ аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистон аст. Ӯ дорои ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1985) ва ҷоизаи М. Турсунзода (1991) низ буда, соли 1995 сазовори унвони шоири халқии Тоҷикистон гардидааст. Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1995) гаштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ