Канӣ ҳаққи дарвоза?

Соати 5:30 пагоҳӣ. Бо нақлиёти шахсӣ таҷҳизоти худро вориди бозори Сиёб кардам. Аз дари якум ва дуюм даромада, ҷиҳозҳоро монда, берун баромадам. Дар ин байн ҳамагӣ 4-5 дақиқа вақт гузашт. Вақте ки аз дарвозаи калони бозор баромада, ба дари дуввум наздик шудам, марде дар даст ишорачӯб пайдо шуда аз ман пул талаб кард.
– Пули чӣ? – суол кардам.
– Ҳаққи дарвозаро тед! – гуфт мард. Чанд пул? пурсидам.
– 3 ҳазор сӯм, ҷавоб дод. Ин ҷо бозор, – истгоҳи нақлиёт не ку. Шумо чӣ хизмат кардед, ки ман ба шумо 3 ҳазор сӯм диҳам.
– Барои ман фарқаш нест, пула дароз кунед гуфт.
Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки дар ин ҷо шумо ягон кори арзандае накардаед, ки музди кор диҳам. Мард оташин шуда гуфт: – пула намедода бошед, гашта надароед. Ман ҳеч чиз нагуфта баромада рафтам.
Ҳайрон шудам, ки наход одам маҳсулот ё ҷиҳози худашро оварда, ҳаққи дарвоза диҳад. Охир бозор ҷойи савдо аст. Деҳқонҳо то вориди бозор шудан чӣ қадар сарфу хароҷот мекунанд. 3 ҳазор сӯм ҳаққи дарвоза диҳад, 5 ҳазор сӯм пули чипта диҳад, чӣ қадар фоида мебинад? Дар ин сурат маҷбур мешавад, ки маҳсулоташро қимат фурӯхта, харҷи зиёдатии бозорро аз ҳамин ҳисоб пӯшонад. Пас, зиёнаш дар гардани харидор мешавад.
Ғайр аз ин, дар паҳлӯи даромадгоҳи бозор истгоҳи нақлиётҳо ҷой дорад, ки нақлиётҳо аз субҳ то нисфирӯзӣ ё то бегоҳирӯзӣ меистанд. Онҳо низ 3 ҳазор сӯм медиҳанд. Аҷиб, нақлиётҳо аз пагоҳӣ то бегоҳӣ 3 ҳазор сӯм медиҳанду аз дарвозаи бозор ба фурсати кӯтоҳ даромада барояд ҳам 3 ҳазор. Ин аз рӯи адолат нест. Ҳаминро бояд таъкид кард, ки корхонаву ташкилоте, ки аз рӯйи инсоф кор намекунад, розигии халқро намегирад, ягон хел барака намеёбад!
Имрӯз дар давраи пандемия халқ бо чӣ қадар мушкилӣ рӯзгор пеш мебарад. Мехостам, ки мутахассисони соҳа сари ин масъала хуб фикр кунанд ва ба сари як мақсад биёянд. Агар ин ҳолат чунин давом кунад, ояндаи бозорҳои деҳқонӣ аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд.

Н.БОБОРАҲМАТ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ