Аз мост, ки бар мост…

Аз мост, ки бар мост…

Дароз шудани муддати карантин дар мамлакат дили ҳама пиру ҷавонро хира намуд. Имрӯзҳо дар чеҳраҳои мардум рӯҳафтодагиву тарсу ҳаросро мушоҳида намудан мушкил нест. Бо вуҷуди он, ҳама шукронаи замона намуда, аз пайи ташвишҳои рӯзгор мешаванд. Ҳар як давру замон воқеаву ҳодисаҳои фаромӯшнопазири худро дорад. Ҳоло қиссаҳои карантинии якчанд нафарро меоварем, ки барояшон фаромӯшнашаванда гардида, аз саҳифаи таърихи ҳаёташон ҷой гирифтааст.
– Хуб дар замонҳои тинҷу осуда ва фаровон зис­ту зиндагӣ намудем. Ҳоло дуо мекунам, ки ба фарзанду наберагонамон низ давру даврон рондан насиб кунад. Ин бало, ки бо номи коронавирус тинҷии тамоми дунёро халалдор мекунад, зудтар бадар раваду боз ба ҳаёти пешинаи муқаррарӣ баргардем, – гӯён даст ба дуо бардошт модаркалони 70 сола аз деҳаи Навбоғчиёни ноҳияи Самарқанд Сарварой Тӯраева. – Чанд рӯз пеш дугонаи наздикам аз олами ҳастӣ чашм пӯшид. Бо сӯзу гудоз ба дидорбинии вопасин шитофтам. Аз дуру наздик ёру дӯстон, хешу ақрабо ҷамъ омаданд. Албатта, ҳама бо манаҳбанд (маска). Фаъолони маҳалла як нафар зан ва мардро дар назди дари ҳавлӣ мутасаддӣ намудаанд, ки бояд ба дастони ҳар як меҳмон воситаҳои махсуси антисептикӣ пошида, дастпоккунаки тиббӣ диҳанд. Ҳамин тавр вориди ҳавлии дугонаҷонам шудам. Сад афсӯс, ки дидорбинии охирин ҳам насиб накард. Аниқтараш нагузоштанд, ки наздаш даромада, суханҳои охиринамро гӯям. Майитро ҳам се-­чор нафар додару фарзандаш бо мошини боркаш ба қабристон бурданд. Мардуми ҷамъомада баъди хондани ҷаноза роҳи хонаашонро пеш гирифтанд. Ин ҳолатро мушоҳида намуда, беихтиёр суханҳои дугонаҷонам ба ёдам расид, ки аз ин қариб 10 моҳ пеш гуфта буд. «Эҳ дугонаҷон, гоҳе хубу гоҳе бад зиндагӣ намудем. Шукр мекунам. Аммо кори имрӯзаро бин, ки ба маросимҳои дафн ҳам қонуну қоида баровардаанд. Минбаъд мурдадорӣ се рӯз будааст. Дигар рӯзҳои панҷшанбеву якшанбе маъракадори кардан манъ карда шудааст. Бист, чил ё азокушоёнро нагӯям ҳам мешавад. Инро фаҳмида шаби дароз хобам набурд, ки магар мо акнун ҳамин тавр мурда мерем…»
– Пеш аз дуюмбора эълон шудани карантин фотеҳатӯйи ҳамсоядухтарамон шуд. Фотеҳаро бо 15 нафар гузарониданд. Калонсолони ду оила хос­танд, тӯйро низ гузаронанд, аммо ду ҷавон, яъне домоду арӯс розӣ нашуданд, ки дебочаи ҳаёти навашон бо 30 нафар гузарад, – мушоҳидаашро баён кард истиқоматкунандаи деҳаи Чақари шаҳри Самарқанд Наргиза Абдуллоева. – Ҳамин тавр, ду тараф ба хулосае омаданд, ки то тамом шудани карантин сабр намоянду тӯйи фарзандонашонро баъдтар бо 200-300 нафар гузаронанд. Инро бинед, ки аз нав карантин эълон гардиду ба ҳамон 30 нафар ҳам гузаронидани тӯй манъ карда шуд. Ба қарибӣ тарафи домод бо се нафар омада, арӯсро ба хонаи домод бурданд. Ҳоло онҳо аз ақди никоҳ гузашта бо ҳам зиндагӣ мекунанд.
– Се сол дар мамлакати Россия зиндагӣ ва меҳнат кардам. Моҳи феврали соли ҷорӣ ба Ватан баргашта, ба хонадор кардани писарам тараддуд дидам. Маросимҳои ошхӯракону фотеҳатӯйро хеле хуб гузаронидем, – нақл кард Мӯҳсина Болтаеваи мӯлиёнӣ. – Баъд карантин эълон гардид. Ҳама хафа шудем. Моҳи гузашта барои бо 30 нафар гузаронидани тӯй рухсат дода шуд. Дар аввал дудила шудем, умедвор будем, ки бо гузаштани вақт ҳамааш хуб мешаваду боз чун пешина тӯй мекунем. Аммо фаҳмидем, ки боз карантини қатъӣ ҷорӣ мегардад. Ба гапи ҳеҷ кас эътибор надода, ҳаракати ҳар чӣ зудтар гузаронидани тӯйро кардам. Баъди ду рӯз карантин чӣ бояд кард?
Назди қудоҳо рафтаму вазъиятро фаҳмондам. Гарчанд, онҳо тайёр набудани худро гуфтанд, коре карда ба гузаронидани тӯй розӣ намудам. Хуллас, дар як рӯз бо иштироки 30 нафар писарамро хонадор кардам. Келинамон бо либоси миллӣ ва ибову ҳаёи хоси аҷдодонамон ба хонадонамон қадам монд. Ҳоло рафти тӯйро бо табассум ба хотир меорем, ки чӣ хел саросемавор тӯй кардем. Аз ҳама муҳимаш фарзандонам хушбахт ҳастанд.
– Ҳангоми карантин ба духтарбинӣ рафтем, – бо табассум лаб ба сухан кушод Замира Саъдиеваи тайлоқӣ. – Мо албатта ба қоидаҳои карантин риоя намуда ниқоб кардем. Зани бародарам, ки худ шифокор ҳастанд, дар дастонашон низ дастпӯшакҳои махсуси тиббӣ пӯшидаанд. Дари духтардорро кӯф­тем. Дарро модари духтарак кушоду моро ди

да, ҳозир гӯён қафо рафт. Мо ҳайрон ба ҳамдигар нигаристем. Пас аз фурсате, соҳибхоназан ҳам маскаашро карда омад. Баъди ҳолпурсӣ ва фаҳмидани муддао моро ба хона даъват намуд. Хостем духтари қадрасро бинему ҷавонон низ бо ҳам шинос гарданд. Бо розигии ду тараф духтарак ба наздамон чой даровард, Қошу чашмонаш сип-­сиёҳ буд. Аммо аз чашм поёнаш ниқоб дошт. Ҷавонон бо якдигар шинос шуданд – бо маска. Хайрият, ки дар ҳаётамон суратҳо низ мавҷуд аст. Ҳамин тавр, ба ҷиянам арӯс интихоб намудем.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ