Мирзиёев ба Русия меравад

Мирзиёев ба Русия меравад


Абдулазиз Комилов ва Сергей Лавров, вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Русия рӯзи 13 август сӯҳбати телефониро анҷом доданд.
Дар мулоқот раванди омодагӣ ба сафари Шавкат Мирзиёев ба Русия баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, вазъияти имрӯзаву дурнамои ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сиёсӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва инсондӯстӣ баррасӣ гардид.
Вазирон бо таъкиди зарурии ҳамкорӣ барои коҳиш додани таъсири пандемия ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар мавриди вазъияти имрӯзаи ҷаҳон табодули афкор карданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ