Имсол ба довталабон барои тест 3 соат вақт медиҳанд

Имсол ба довталабон барои тест 3 соат вақт медиҳанд


Дар имтиҳони тестии имсол ба довталабон барои ҳалли тест 3 соат вақт дода мешавад. Дар ин бора дар баёнияи рақами 2-вуми маҷлиси комиссияи давлатии қабул ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон гуфта шудааст.
Бар асоси ин баёния, тестҳо имсол дар ҳама вилояту шаҳрҳо ва ҷумҳурии Қорақалпоқистон дар варзишгоҳҳо рӯзе ду бор баргузор мешавад.
Барои ҳалли 60 саволи тест дар умум 180 дақиқа вақт дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде расонаҳои хабарӣ дар ин бора гузориш дода буданд, ки барои тест 2 соат дода мешавад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ