Нагелсмани ҷавон Симионеи пуртаҷрубаро таслим кард

Нагелсмани ҷавон Симионеи пуртаҷрубаро таслим кард

  • Post category:Варзиш


Шаби гузашта дар Португалия дувумин бозии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо дар миёни “Лейпсиг”-и Олмон ва “Атлетико”-и Испания баргузор шуд. Аксари ҳаводорони футбол дар ин бозӣ ғалабаи шогирдони Диего Симионеро пешгӯӣ карда буданд. Чун, “Атлетико” бо мураббигии Симионе дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонон таҷрубаи зиёде дорад ва бар замми ин имсол дар даври ҳаштякниҳоӣ “Ливерпул” – қаҳрамони феълии мусобиқаро мағлуб карда буд.
Аммо, Юлиан Нагелсман ва шогирдони ҷавони ӯ нишон доданд, ки ғайрату шуҷоъат дар бозӣ метавонад гоҳо набудани таҷрубаро “хаспӯш” кунад.
Ҳаводорони футбол дар қисми аввали бозӣ гол надиданд. Аммо бозии бебоконаи “Лейпсиг” дар қисми дувум ҳосили худро дод. Дар дақиқаи 51-ум Олмо голи аввалро ба дарвозаи Ян Облак ворид кард. “Атлетико” дар дақиқаи 71-ум тавонист натиҷаро 1 бар 1 кунад. Дар ин дақиқа Ҷоау Феликс пеналтиро ба самар расонд. Дар дақиқаи 87-ум зарбаи Адамс ба пойи яке аз футболбозони “Атлетико” бархӯрд ва роҳи худро иваз карду Ян Облак натавонист онро баргардонад: 2-1.
Бо ин ҳол, клуби “Лейпсиг”-и Юлиан Нагелсман, ки соли 2009 таъсис ёфтаасту худи ӯ ҳамагӣ 33-сол мебошад, паиҳам бо шикасти ду мураббии номдори ҷаҳон – Ҷозе Моуринио ва Диего Симионе ба даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонон роҳ ёфт.
Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ