Ба довталабоне, ки пули иштирок дар тестро пардохт накарданд, боз имкон дода шуд

Ба довталабоне, ки пули иштирок дар тестро пардохт накарданд, боз имкон дода шуд


Ба довталабоне, ки барои иштирок дар имтиҳони дохилшавии соли таҳсили 2020-2021 номи худро сабт карданд, вале пули иштирокро пардохт накарданд, як имкони дигар дода шуд.
Бар асоси баёнияи комиссияи қабули давлатӣ, ин довталабон метавонанд то 16 август пули иштирок дар имтиҳонро ба давлат пардохт кунанд.
Муроҷиатҳои зиёде ба комиссияи қабули давлатӣ боис шуд, ки ба довталабон барои пардохти пули иштирок муҳлати нав дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки имсол ҳамагӣ 1 484 085 нафар довталаб барои иштирок дар имтиҳони дохилшавӣ номи худро сабт карданд.
Пули иштирок (111 500 сӯм) дар тести давлатиро онҳое месупоранд, ки мактаб, коллеж ё литсейро солҳои пеш хатм кардаанд. Хатмкунандагони соли ҷорӣ пардохт намекунанд.
Манбаъ:kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ