Кишварҳои дунё оиди ваксинае, ки дар Россия истеҳсол мешавад, чӣ гуна ақида доранд?


Сафоратхонаи Бразилия дар Россия 12-уми август эълон кард, ки дуввумин штати Бразилия ба ваксинаҳои коронавирус шавқ зоҳир намудааст. Гуфта мешавад, ки кишвар барои санҷиш ва истеҳсоли он омода аст.
Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки мехоҳад маълумотро дар бораи санҷишҳои ваксина баррасӣ кунад. Ташкилот боварӣ дорад, ки санҷишҳо ва таҳқиқот оид ба ваксина дар асоси қоидаҳои муқарраршуда гузаронида мешаванд. Ин фаъолиятест, ки барои баҳодиҳӣ ба самаранокӣ ва бехатарии восита анҷом дода мешавад.
Энтони Фаучи, сармутахассиси ИМА оид ба бемориҳои сироятӣ, аз самаранокӣ ва бехатарии ваксина изҳори нобоварӣ кард. Вай гуфт, ки коршиносони ИМА метавонанд аввали ин ҳафта якчанд намунаҳои ваксинаро пешниҳод намоянд, аммо бехатарӣ ва самаранокии онҳо сад фоиз шуданаш лозим аст. Инчунин таъкид намуд, ки истифодаи воситаи санҷиданашуда на танҳо самараи заруриро таъмин намекунад, балки метавонад ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ расонад.
Вакили президенти ИМА Келлиан Конвей гуфт, ваксинае, ки Россия пешниҳод кардааст, аз ваксинае, ки коршиносони ИМА таҳия намудаанд, қафо мондааст ва онҳо аз санҷишҳои клиникӣ хеле кам гузаштаанд.
Ғайр аз ин, Шветсия ва як қатор дигар кишварҳои Аврупо низ дар ин бора, фикрҳои худро баён кардаанд.

Оиди ваксинаи Россия баробари шарҳҳои манфӣ инчунин шарҳҳои мусбат низ мавҷуданд.
Президенти Сербия Александр Вучич пайдоиши ваксини боваринокро эълон кард. Вай гуфт, ки аз он хурсанд аст, ки русҳо ваксинаеро баровардаанд, ки қарор аст моҳи ноябр дастрас шавад. Сарвари давлат инчунин таъкид кард, ки ҳоло ба ваксина ниёз дорад, аммо онро мутахассисон бояд аз назар гузаронанд.
Инчунин, ҳукуматҳои Баҳрайн ва Манама низ изҳрр намудаанд, ки нияти хаииди ваксинаи истеҳсолии Россияро доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ