Аз 15-уми август ба ҳаракати қатораҳо ва ҳавопаймои байни ҳудудҳо рухсат дода шуд

Аз 15-уми август ба ҳаракати қатораҳо ва ҳавопаймои байни ҳудудҳо рухсат дода шуд

🚆 Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» аз 15 -уми августи соли ҷорӣ ҳаракати қатораҳо дар хатсайрҳои дохилиро барқарор мекунад.
◽️Аз ҷониби қаторҳои баландсуръати Афросиёб дар хатсайри Тошканд — Самарқанд — Бухоро — Тошканд 2 то, дар хатсайри Тошканд — Самарқанд — Қарши — Тошканд 1 то ва дар хатсайри Тошканд — Андиҷон — Тошканд 2 то қатораҳои мусофиркашон ҳаракат хоҳад кард.

📮 Мусофирон чиптаҳоро аз кассаи Роҳи оҳан ва ба тарзи онлайн харида метавонанд.
✈️ Аз 15-уми август сар карда, ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае ду маротиба парвозҳои Тошканд — Нукус — Тошканд, Тошканд — Урганч — Тошканд ва парвозҳои Тошканд — Термиз — Тошкандро дар як ҳафта ду маротиба иҷро мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ