Олимон дар шарқи Чин навъи нави динозаврҳоро пайдо карданд

Олимон дар шарқи Чин навъи нави динозаврҳоро пайдо карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Палеонтологҳо дар шаҳри Чжучэни вилояти Шандуни Чин ҷасади сангшудаи навъи нави динозаврҳоро пайдо карданд. Дар ин бора Xinhua хабар дод.
Олимон ба ин навъи динозавр “синанкилозавр чжучэнгенсис” ном ниҳоданд. Чжан Янся, намояндаи пажӯҳишгоҳи динозаврҳои Чжучэн гуфт, “Кашфи анвоъи нави динозаврҳо далели гуногунии олами ҷонварон дар даври динозаврҳо мебошад”.
Чжучэн калонтарин “музей”-и ҷасадҳои сангшудаи динозаврҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин минтақа дар 1600 метр мураббаъ майдони устухонҳои дар зери замин гӯршудаи динозаврҳо ҷойгир аст. Олимони чинӣ ҳанӯз дар миёни асри гузашта нахустин устухонҳои динозаврҳоро кафш карда буданд. Аз он замон то ба имрӯз дар Чжучэн устухонҳои беш аз 10 навъи динозаврҳо пайдо шуд.
Манбаъ: Мир 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ