Сӯхтори ҷангал дар Калифорния минтақаҳои навро ба коми худ мекашад

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния минтақаҳои навро ба коми худ мекашад

  • Post category:Ҷаҳон


Сӯхтори ҷангал дар иёлати Калифорнияи Иёлоти муттаҳидаи Амрико рӯз то рӯз минтақаҳои навро “тасарруф” мекунад. Боди шадид ва гармо ба паҳншавии сӯхтор шароит фароҳам мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир сӯхтор то ба кӯли Хюз расида ва буттазорҳои соҳил нобуд шудаанд. Сӯхтор тақрибан ба 5 ҳазор манзилгоҳи одамон таҳдид мекунад. Рӯзи гузашта сокинони деҳҳои наздик ба ҷойҳои бехатар кӯчонда шуданд.
Майдони сӯхтор ҳоло бузургтар аз 4 ҳазор ҳектор аст. Сӯхторнишонон наметавонанд, ки сӯхторро зери назорат гиранд.
Манбаъ: Мир 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ