Аз нигоҳи Помпео Чин барои Ғарб таҳдиди бузургтаре аз Иттиҳоди Шӯравӣ аст


Майкл Помпео, котиби давлатии ИМА гуфт, ки ҷараёнҳои имрӯзаи байналмилалӣ хатарноктар аз дувумин ҷанги сард аст. Дар ин бора Politicо хабар дод.
Ӯ гуфт, “Ҷараёнҳое, ки имрӯз вуҷуд доранд, ин дувумин ҷанги сард нест. Таҳдидоте, ки имрӯз аз сӯи Ҳизби коммунистии Чин меояд, аз як назар хеле бадтар аст”.
Ба гуфтаи Помпео, Ҳизби коммунистии Чин бо чандин сафарҳои расмӣ ба Аврупои Марказӣ ба иқтисод, сиёсат ва ҷомеъаи кишварҳои Ғарб чунон амиқ дохил шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ онро натониста буд. Помпео афзуд, ки Маскав ҳанӯз бо ҳамлаҳои киберӣ ва иттилооти нодуруст мехоҳад, ки демократия ва амнияти Чехияро барҳам занад. Вале, “муборизаҳои маҷбурӣ”-и Пекин барои Прага хатари бузургтар аз онро дорад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ