Рӯзи гузашта 694 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд

Рӯзи гузашта 694 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд


Рӯзи гузашта, 14 август дар Ӯзбекистон 694 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Ҳамчунин, дирӯз 5 нафар бемор дар шаҳри Тошканд вафот кард.
Дар ин рӯз дар вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Қашқадарё, Навоӣ, Намангон, Самарқанд, Сирдарё, Фарғона, Хоразм ва шаҳри Тошканд 1448 нафар бемор шифо ёфтанд.
Дар ҳоли ҳозир 28 661 нафар аз 34 017 нафар бемор сиҳат шуданд ва сатҳи шифоёбӣ 84 дарсад аст.
Ҳамчунин, ҳоло 5 135 нафар бемор дар ҷараёни муолиҷа ҳастанд. Вазъияти саломатии 1 289 нафари онҳо вазнин, 362 нафар хеле вазнин мебошад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ