“Бавария” ҷамоаи Мессиро «бераҳмона» шикаст дод


Шаби гузашта дар Португалия савумин бозии чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо барпо шуд. Рақобати “Бавария” ва “Барселона” ҳар гуна мусобиқаи футболро ороиш медиҳад, аммо ин бозӣ дар таърихи Лигаи қаҳрамонони беназир буд. Шогирдони Ҳанси Флик бо натиҷаи 8 бар 2 ҷамоаи Каталонияро шикасти фаромӯшнопазир доданд. То ҳол дар даври чорякниҳоии мусобиқа ягон ҷамоа дар як бозӣ рақиби худро чунин “голборон” накардааст. Ин рақобат ҳама муаммоҳои ошкору пинҳони “Барселона”-ро равшану возеҳ нишон дод. Баъзе расонаҳо дар бораи истеъфои Кике Сетен, сармураббии “Барселона” навистанд.
Имшаб дар бозии “Манчестер Сити” ва “Лион” рақиби “Бавария” дар даври ниманиҳоӣ муайян мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар рақобати нахустини ниманиҳоӣ “РБ Лейпсиг” ва “ПСҶ” ба ҳам рӯбарӯ мегарданд.
Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ