Дар ҷаҳон 10 дарсади барқро нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ истеҳсол мекунанд

Дар ҷаҳон 10 дарсади барқро нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ истеҳсол мекунанд


Дар нимаи аввали соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ дар ҷаҳон 10 дарсади барқро истеҳсол карданд. Нахустин бор истеҳсоли барқи нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ ба ин ҳадди рекордӣ расид.
Бино ба таҳлили мутахассисони оҷонси Ember, дар ин муддат нерӯгоҳҳое, ки аз ангишт барқ тавлид мекунанд, бо зарфияти камтар аз нисфи худ кор кардаанд.
Бо вуҷуди ин, ки дар даври пандемия сарфи барқ кам шуд, манбаъҳои барқи “сабз” аз дар ним сол 1129 тВт соат барқ тавлид карданд. Дар нимаи аввали соли гузашта ин нишондод баробар бо 992 ТВТ соат буд. Дар як сол истеҳсоли барқи таҷдидпазир 13,8 дарсад рушд кард.
Аз соли 2015, ки тавофуқномаи Париж дар бораи иқлим имзо шуд, то ба имрӯз саҳми барқи хуршедӣ ва бодӣ беш аз 2 баробар зиёдтар шуд.
Истеҳсоли барқ аз ангишт дар нимаи аввали соли ҷорӣ 8,3 дарсад коҳиш ёфт.
Кишварҳои бузурге мисли Чин, ИМА, Ҳиндустон, Япония, Бразилия ва Туркия ҳадди ақал 10 дарсади барқро аз нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ мегиранд. Британияи Кабир 21 дарсади барқро аз чунин нерӯгоҳҳо дарёфт мекунад. Дар Иттиҳоди Аврупо 33 дарсади барқ хуршедӣ ва бодӣ аст.
Бино ба пешбиниҳои шӯрои ҷаҳонии энергетикаи бодӣ (GWEC) то соли 2030 истифодаи барқи нерӯгоҳҳои бодии баҳрӣ аз 29,1 ГВт то 234 ГВт афзоиш хоҳад ёфт.
Манбаъ:kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ