Дар Фарғона кормандони ёрии таъҷилиро латукӯб карданд

Дар Фарғона кормандони ёрии таъҷилиро латукӯб карданд


3 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона гурӯҳи кормандони ёрии таъҷилӣ латукӯб шуданд. Дар ин бора шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Фарғона хабар дод.
Ин ҳодиса дар ҷамоати “Катпут” рух дод. Кормандони ёрии таъҷилӣ дар роҳ муноқишаи ду нафарро мебинанд. Кормандон автомобилро нигоҳ медоранд ва мехоҳанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд. Вале яке аз онҳо ронанда ва ҳатто ҳамшираи ёрии таъҷилиро мезанад ва захмӣ мекунад.
Баъди ин ҳодиса пулис марди “муштзӯр”-ро боздошт кард.
Дар ин маврид бар асоси банди “Г”, қисми савуми моддаи 277 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ