Шаҳрванди Ӯзбекистон дар Петергбург як пиразанро аз марг наҷот дод

Шаҳрванди Ӯзбекистон дар Петергбург як пиразанро аз марг наҷот дод

  • Post category:Ҷаҳон


Як шаҳрванди 37-солаи Ӯзбекистон ба номи Давлат дар шаҳри Санкт-Петербург пиразанеро аз марг наҷот дод. Дар ин бора “Фонтанка” хабар дод.
Қаҳрамони ӯзбекистонӣ дучархасавор роҳ мерафт. Ӯ дар роҳ дид, ки пиразане рост ба сӯи қатора меравад. Ӯ нахуст ба пиразан фарёд мезанад – Биистед! Вале, пиразан ба роҳи оҳан баромада буд. Дар чунин вазъият ӯ дучархаро канор гузошт ва ба сӯи пиразан шитофт, пиразанро дошт ва ба ақиб кашид. Ҳамагӣ ним метр фосила то фоҷеа монда буд. Пиразан аввал чизеро нафаҳмид. Баъди чанд лаҳза ӯ ба худ омад ва гуфт, “Раҳмат, писарам”.
Ин ҳодиса рӯзи 11 август рух дод. Акаи Давлат дар Петербург муҳоҷири корӣ аст. Ӯ дар бозори кӯчаи Скобелев кор мекунад. Дар ватан оила ва 2 фарзан дорад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ