Кишварҳои мусалмон тавофуқи Исроил ва Аморати муттаҳидаи арабро танқид карданд


Кишварҳои мусалмон хоҳиши “дӯстшавӣ”-и Аморати муттаҳидаи араб (АМА) ва Исроилро танқид карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Туркия ин иқдоми Абу-Дабиро “мунофиқона” хонд. Мақомоти Эрон “иштибоҳи стратегӣ” ва “зарбаи шармовар ба пушти мусалмонон” будани тавофуқи Абу-Дабӣ ва Тел-Авивро таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки ин хабари ногаҳонӣ рӯзе пеш аз Вашингтон садо дод. Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА гуфт, ки ба зудӣ намояндагони Исроил ба АМА сафар мекунанд. Кӯҳнадушманон тавофуқ карданд, ки ранҷишҳои пешинаро фаромӯш месозанд ва робитаҳоро аз нав оғоз мекунанд. Ду кишвар дар заминаҳои сайёҳӣ, технология ва ғайра тавофуқномаҳои ҳамкориро имзо хоҳанд кард.
Ин муомила “Тавофуқномаи Абраам” ном гирифт. АМА баъди Иордания ва Уммон савумин кишвари арабӣ аст, ки бо Исроил робитаи дипломатикиро ба роҳ андохт.
Манбаъ: Мир 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ