Дар Россия истеҳсоли ваксинаи коронавирус оғоз ёфт

Дар Россия истеҳсоли ваксинаи коронавирус оғоз ёфт

  • Post category:Ҷаҳон


Имрӯз, 16-уми август, Вазорати тандурустии Россия оғози истеҳсоли ваксина бар зидди COVID-19 -ро эълон кард. Дар ин бора агентии «Интерфакс» хабар додааст.
Маркази миллии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамале ба истеҳсоли ваксина бар зидди сирояти коронавирус оғоз кард.
Қаблан директори Маркази тадқиқотии миллии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамале Александр Гинсбург гуфт, ки эмкунии васеъмиқёси русҳо бар зидди коронавирус моҳҳои декабр ё январ оғоз меёбад.
Президенти Россия Владимир Путин рӯзи 11-уми август эълон кард, ки аввалин ваксинаи коронавирус дар ҷаҳон Sputnik V ба қайд гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ваксина ба санаи 1-уми январи соли 2021 ба муомила медарояд. Ваксинаи коронавируси дар Россия истеҳсолшуда пас аз ворид шудан ба бадан то ду сол қуввати худро нигоҳ медорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ