Тоҷикистон барои бозгашти шаҳрвандонаш аз Русия дар 15 рӯз 55 парвозро анҷом медиҳад


Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, штаби мубориза бо коронавируси кишвар дар рӯзҳои 16-31 август барои бозгардондани шаҳрвандон аз Русия 55 парвози махсусро анҷом медиҳад.
Ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” дар ин 15 рӯз аз шаҳрҳои Маскав, Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон, Краснодар ва Сургут шаҳрвандонро ба Душанбе меоваранд.
Касоне, ки баъди бозгашт мубталои коронавирус набуданашон аниқ мешавад, дар карантин нигоҳ дошта намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки вазорати ҳамлу нақли Ӯзбекистон рӯзҳои 17-30 барои бозгашти шаҳрвандон аз хориҷа 23 парвози махсусро анҷом медиҳад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ