Оё медонед? Дар ду кишвари ҷаҳон ҷудошавии зану шавҳар ба сурати қонунӣ манъ шудааст

Оё медонед? Дар ду кишвари ҷаҳон ҷудошавии зану шавҳар ба сурати қонунӣ манъ шудааст

Ин кишварҳо Ватикан ва Филиппин мебошанд.
Клемент ҳафтум – попи Рим соли 1629 қонуни мамнӯъияти ҷудошавӣ дар Ватиканро қабул кардааст. Поп Франсиск соли 2015 ин қонунро каме тағйир дод. Акнун, шаҳрвандони Ватикан метавонанд дар вазъиятҳои алоҳида аз ҳамсари худ ҷудо шаванд.
Дар Филиппин низ чунин қонун зери таъсири мазҳаби католикӣ қабул шудааст. Аммо барои мусалмонон ҷудошавӣ мумкин аст, ки он сарфу харҷи зиёд ва ҳуҷҷатбозии зиёд дорад. Дар солҳои охир порлумони Филиппин зуд-зуд масъалаи содасозии ҷудошавиро баррасӣ мекунад.
Манбаъ: канали телеграмии Ҳуқуқий ахборот

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ