Касе дақиқан намедонанд, ки чи қадар вақти худро сарфи шабакаҳои иҷтимоӣ мекунад

Касе дақиқан намедонанд, ки чи қадар вақти худро сарфи шабакаҳои иҷтимоӣ мекунад

  • Post category:Асосӣ


Пажӯҳиши ширкати амрикоии Facebook нишон дод, ки корбарони интернет дақиқан намедонанд, ки чи қадар вақти худро сарфи шабакаҳои иҷтимоӣ мекунанд. Дар ин бора торнамои Facebook Research хабар додааст.
Шабакаҳои иҷтимоӣ як қисми зиндагии миллионҳо шудааст. Ба ин далел пажӯҳишгарон омӯхтани таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба дигар бахшҳои зиндагии инсонро оғоз карданд.
Мутахассисони Facebook қарор карданд бисанҷанд, ки одамон чи андоза вақти дар шабакаҳо сарф кардаи худро қадр мекунанд. Барои ин мутахассисон дар миёни корбарони Facebook назарпурсиро анҷом доданд ва натиҷаро бо фаъолияти дақиқи аккаунти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ муқоиса карданд.
Дар натиҷаи пажӯҳиш маълум шуд, ки ба назари одамон онҳо нисбат ба вақти воқеъӣ бештареро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Ин дар ҳоле, ки корбарон ба миқдори шабонарӯзии рӯоварӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ эътибор намедиҳанд.
Аксари онҳое, ки дар ҳисоби вақти дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кардаи худ иштибоҳ карданд, ҷавонон буданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ