Офати табиӣ дар Бангладеш боиси марги беш аз 200 нафар шуд

Офати табиӣ дар Бангладеш боиси марги беш аз 200 нафар шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Борони шадид, ки аз паси худ сел ҳам овард, дар Бангладеш боиси марги 217 нафар шуд. Дар ин бора “Анадолу” ба нақл аз вазорати тандурустии Бангладеш хабар додааст.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 850 ҳазор нафар маҷбур шуданд, манзилу ҷойи худро тарк кунанд. 47 ҳазор нафар ба иллати ифлос шудани об мубталои бемориҳои гуногун шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир 2 миллион аҳолии ин кишвар муҳтоҷи ёрии инсондӯстона ва манзили истиқомат мебошанд. Иттиҳоди Аврупо барои ёрӣ ба Бангладеш 1,94 миллион доллар ҷудо кард.
Идораи ҳамоҳангсозии ёриҳои инсондӯстонаи Созмони милали муттаҳид эълон кард, ки барои кумак ба мардуми Бангладеш барномаи 40 миллион долларӣ амалӣ мешавад.
Ҳукумати Бангладеш аз эҳтимоли зарари сел ба киштзорҳо ва нобудшавии ҳосил дар хавотир аст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ