Мутахассисони рус барои мубориза бар зидди коронавирус ба Ӯзбекистон омадаанд


Гурӯҳи тиббии иборат аз 40 нафар мутахассисони муассисаҳои бонуфузи тиббии Россия ба Тошканд омадаанд.
Мутахассисони русро, ки барои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди коронавирус омадаанд, дар аэрапорти байналхалқии Тошканд кормандони Вазорати тандурустӣ пешвоз гирифтанд.
Реаниматологҳо, пульмонологҳо, мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусологҳо, кардиологҳо, эндокринолог барин мутахасассисон дар давоми як моҳ бо шифокорони мо дар муассисаҳои табобатии коронавирус ҳамкорӣ мекунанд.
Алалхусус, мутахассисони рус дар клиникаҳои Пажӯҳишгоҳи Эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ, Пажӯҳишгоҳи вирусология, Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда дар ноҳияи Зангиота ва инчунин дар беморхонаҳои махсусгардонидашудаи як қатор ҳудудҳои дигари кишвар фаъолият мебаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ