Ҳукумати Дубай сагҳоро барои муайян кардани беморони COVID-19 “ба кор гирифт”

Ҳукумати Дубай сагҳоро барои муайян кардани беморони COVID-19 “ба кор гирифт”

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Дубай барои мубориза бо коронавирус аз ёрии сагҳо истифода мебарад. Сагпарварони махсус бо сагҳои худ дар фурӯдгоҳи аморат барои муайян кардани мусофирони мубталои коронавирус хидмат мекунанд. Дар ин бора Travel and Leisure хабар дод.
Сагҳо барои муайян кардани беморон ҳисси бӯйфаҳмиашонро ба кор мебаранд. Бар асоси озмоишҳои нахустин, дақиқии ин усул 92 дарсад аст.
Фурӯдгоҳи Дубай нахустин ҷойе аст, ки барои пайдо кардани беморони COVID-19 аз сагҳо истифода мебарад. Сагҳо қабл аз ин иқдом дар озмоишгоҳи махсус бо арақи мубталоёни коронавирус давраи ҷиддии омӯзиширо паси сар карданд.
Бояд гуфт, ки сагҳо вазифаи худро фосилавӣ анҷом медиҳанд, бо беморон рӯбарӯ намешаванд. Дар фурӯдгоҳ намунаи арақи мусофиронро гирифта дар контейнери махсус мегузоранд. Баъди он саг “таҳқиқ”-и намунаро оғоз мекунад. Натиҷаи он камтар аз як дақиқа вақт мегирад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ