Шояд намунаҳои коронавирус аз соли 2012 пайдо шуда бошад…

Шояд намунаҳои коронавирус аз соли 2012 пайдо шуда бошад…

  • Post category:Саломатӣ


«Аз рӯи ақидаи вирусолог Ҷонатан Латем ва биолог Эллисон Вилсон коронавируси нав шояд дар бадани инсон дар аввали соли 2012 мутобиқ шуда бошад,»-хабар медиҳад «The Sun».
Муҳаққиқон қайдҳои шифокореро, ки кончиёни Юннани Чинро табобат кардааст, пайдо кардаанд. Вай дар давоми ду ҳафта конро аз шабпарронакҳо тоза намуда коргарони беморро кардааст. Беморон нишонаҳои COVID-19 доштанд: пневмония, сулфаи хушк, дарди мушакҳо ва табларза. Шуши беморонро бояд вентилятсия кардан лозим омадааст. Аз шаш коргар се нафар вафот кардаанд.
Намунаҳо аз конканҳо ба лабораторияи Вуҳан фиристода шуданд, ки дар он беморон таҳхиси бемории шабеҳи пневмония муайян гардидааст. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки ҳамин тавр COVID-19 ба организми инсон мутобиқ карда шудааст.
Моҳҳои охир дар бораи пайдоиши намуди нави коронавирус андешаҳои гуногун паҳн шудаанд. Аммо, Ташкилоти тандурустии ҷаҳон мегӯяд, ки сироят ба таври кофӣ омӯхта нашудааст ва ҳанӯз ба хулоса баровардан барвақт аст. Мутахассисон таҳқиқоти худро идома медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ