Дар масҷидҳои Самарқанд намози ҷамоатӣ адо карда шуд

Дар масҷидҳои Самарқанд намози ҷамоатӣ адо карда шуд


Бо баробари сабук шудани маҳдудиятҳои карантин имрӯз аз санаи 17 -уми август намозгузорон дар саросари масҷидҳои ҷомеи мамлакатамон ибодатро оғоз карданд.
Аз ҷумла, дар 285 -то масҷиди ҷомеи вилояти Самарқанд дар асоси қоидаҳои карантин амалҳои ибодатро баҷо оварданд. Дар даромадгоҳи масҷидҳо бо роҳравҳои безаракунӣ, воситаҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷ таъмин гардидааст.
Субҳи барвақт бо вакилии Саримом-хатиби вилояти Самарқанд З. Эшонқулов ва вакилони масъул намози бомдодро дар масҷиди ҷомеи Имом Бухорӣ хонда, дар ҳаққи тинҷиву оромии Ватанамон, дафъи балову офатҳо дуо карданд.
Аҳолиро дар асоси қоидаҳои карантин адо кардани ибодати ҳаррӯза низ даъват намуд. Инчунин, масҷиди Шоҳи Зиндаи шаҳри Самарқанд дари худро барои намозгузорон боз кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ