«Ӯзгидромет» дар бораи обу ҳавои ҳафта маълумот дод


Мувофиқи маълумоти «Ӯзгидромет» дар ҳудудҳои кишвар ҳавои абрнок дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Тошканд, Фарғона ва ноҳияи кӯҳии мамлакатамон раъду барқ ба амал омада, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат аст.
Дар баъзе ҳудудҳои мамлакат тезии шамол то 15 -20 м/с мевазад. Дар тамоми мамлакат ҳарорати ҳаво паст рафта, аз пагоҳ гармии ҳаво 28 -33 ва дар ҷануб 34 -37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Рӯзҳои 19-21 -уми август дар тамоми кишвар ҳаво камабр гашта, ҳарорати ҳаво каме баланд мешавад. Агар 19 -уми август ҳаво рӯзона 28 -33 дараҷа гарм шавад, рӯзҳои 20 -21 -уми август ҳаво то 34 -37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ