Ҳокими Андиҷон зодрӯзи духтари худро бо дабдаба баргузор кард

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои базми боҳашамат дар вилояти Андиҷон паҳн шуд. Маълум гардид, ки ин видео рӯзи 16 август гирифта шудааст. Шуҳрат Абдураҳмонов, ҳокими вилояти Андиҷон ба муносибати зодрӯзи 19-солагии духтари худ чунин зиёфати бодабдаба барпо кардааст.
Муниса Ризаева, хонандаи машҳури эстрадаи Ӯзбекистон дар ин маросими оилавӣ сурудхонӣ кард.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳоким дар зодрӯзи духтараш ба ӯ автомобили Gentra ҳадя мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯзи 15 август дар Ӯзбекистон маҳдудиятҳои карантин аз байн бурда шуд. Акнун мардум метавонанд бо иштироки 30 нафар тӯй ва дигар тадбирҳои хонаводагиро баргузор кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ