Тақсимоти нахустин ваксинаи зидди коронавирусро давлат танзим мекунад

Тақсимоти нахустин ваксинаи зидди коронавирусро давлат танзим мекунад

  • Post category:Саломатӣ

Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин қарореро имзо намуд, ки тибқи он нахустин ваксинаи зидди коронавирус, ки дар Россия ба қайд гирифта шудааст, ба рӯйхати воситаҳои аз тарафи давлат тақсимшаванда шомил ва аз камбуди он ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Дар ин бора 16 август хадамоти матбуоти ҳукумати Россия хабар дод.
«Нахустин ваксинаи зидди коронавирус, ки дар Россия ба қайд гирифта шудааст, бо қарори Раиси Ҳукумат Михаил Мишустин ба феҳристи дорувориҳо, ки тақсимоти онҳоро давлат танзим мекунад, дохил карда шудааст», — гуфта мешавад дар хабар.
Илова бар ин, таъкид мешавад, ки ин иқдом имкон медиҳад ба камбуди ин ваксина роҳ дода нашавад ва ирсоли он ба минтақаҳои Россия назорат карда шавад.
Тартиби муваққатии тақсимоти доруҳо барои пешгирӣ ва табобати коронавирус аввали моҳи июн қабул карда шуд ва то охири сол амал мекунад. Мутобиқи ин қоидаҳо, доруҳои зарурӣ ба рӯйхати махсус, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ назорат карда мешавад, дохил карда мешаванд. Ҳар ҳафта истеҳсолкунандагони Россия ва инчунин ширкатҳои воридкунандаи дорувориҳои шомили рӯйхат муваззафанд, ки нақшаи тақсимоти дорувориҳоро бо замимаи дархостҳои минтақаҳо ирсол намоянд.
Дар дархостҳо бояд унвони доруҳо, шакли барориши онҳо, маълумот дар бораи ташкилоти тиббӣ, ки ба онҳо ирсоли ин дору пешбинӣ шудааст, инчунин маълумот дар бораи шумораи беморони дорои ташхиси тасдиқшудаи COVID-19, ки барои онҳо доруҳо харида мешаванд, дарҷ шаванд.
Илова ба ваксинаи нав, ба рӯйхат боз шаш доруи дигар илова шудаанд. Инҳо дексаметазон, канакинумаб, олокизумаб, барицитиниб, тофаситиниб, левилимаб мебошанд.
Россия дар ҷаҳон аввалин шуда, 11 август ваксинаи зидди коронавирусро ба қайд гирифт, ки онро «Спутник V» номгузорӣ намуданд. Ин доруворӣ дар Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалея коркард ва аз озмоишҳои клиникӣ гузаштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ