Маҳсулотҳои хатарнок барои гурда Намак “душмани асосӣ”-и гурдаҳо мебошад

Маҳсулотҳои хатарнок барои гурда Намак “душмани асосӣ”-и гурдаҳо мебошад

  • Post category:Саломатӣ

. Намак метавонад ҳатто ба гурдаҳои саломат зарар расонад. Людмила Артюхина, нефрологи рус дар бораи маҳсулотҳои зарарнок барои гурда маълумот дод.
Мутахассис мегӯяд, ки фастфуд, маҳсулотҳои нимпаз ва сернамак, ки имрӯз истеъмолашон зиёд шудааст, ба фаъолияти гурдаҳо зарар мерасонад.
Ба гуфтаи Артюхина, одатан муаммоҳои гурда нишонаҳои дарднок надоранд ва ба ҳамин далел, одамон баъди ба марҳилаи ҷиддии беморӣ расидан ба шифокорон муроҷиат мекунанд.
Гоҳе вақтҳо бемории гурда нишонаҳои субклиникӣ дорад. Беҳолӣ, зуд хаста шудан ва варами пойҳо ҳангоми роҳ рафтан аз ин нишонаҳо мебошанд. Бемории гурда гоҳо бо фишори хуни шарёнӣ (артериал гипертония) ҳам аз худ хабар медиҳад.
Артюхина гуфт, вақте касе фишори хун дорад, бояд ба шифокор муроҷиат кунад.
Мутахассис таъкид мекунад, ки барои саломатии гурдаҳо инсон бояд ба тарзи зиндагии солим риоя кунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ