Тедрос Гебрейесус: Ҷаҳон аллакай триллионҳо долларро барои мубориза бо оқибатҳои кӯтоҳмуддати пандемия сарф кард

Мутобиқи арзёбии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, барои коркард ва истеҳсоли ваксинаи муассири зидди коронавирус, ҷаҳон бояд на камтар аз 100 миллиард доллар харҷ кунад. Дар ин бора директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус рӯзи панҷшанбе дар брифинг дар Женева иттилоъ дод, Хадамоти ахбори СММ.
Раҳбари СУТ арзёбиҳои Сандуқи байналмилалии асъорро иқтибос овард, ки мутобиқи онҳо пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ дар як моҳ 375 миллиард доллар зарар мерасонад. Ҳаҷми умумии зарар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар ду сол тибқи ин арзёбиҳо, аз 12 триллион доллар зиёд хоҳад шуд.
Тедрос Аданом Гебрейесус гуфтааст: «Ҷаҳон аллакай триллионҳо долларро барои мубориза бо оқибатҳои кӯтоҳмуддати пандемия сарф кардааст». — Танҳо кишварҳои G20 беш аз 10 триллион долларро барои андешидани тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ, сабук ва рафъ намудани оқибатҳои пандемия сафарбар кардаанд. Ин беш аз сеюним маротиба аз миқдори маблағе, ки ҷаҳон барои мубориза бо оқибатҳои буҳрони ҷаҳонии молиявӣ сарф карда буд, зиёдтар аст».
«Ҳоло ҳама савол медиҳанд, ки чӣ тавр мо ба зиндагии муқаррарӣ баргардем? — идома дод роҳбари СУТ. — Ман боварӣ дорам, ки набояд дар бораи он бигӯем, ки чӣ тавр ба қафо бозгардем, балки дар бораи он бигӯем, ки чӣ гуна ба пеш хоҳем рафт. Ва барои ба пеш ҳаракат кардан мо бояд якҷоя кор кунем».
Тедрос Гебрейесус ёдовар шуд, ки моҳи апрели соли равон СУТ бо иштироки бевоситаи сарварони ҷаҳонӣ як иқдоми глобалии ҳамкории байналмилалиро дар самти мубориза бо пандемия оғоз намуда буд.
“Ҳамагӣ пас аз се моҳ мо натиҷаҳои махсус ба даст овардем”, — зикр намуд ӯ. Ба гуфти роҳбари СУТ, имрӯз нуҳ ваксинаи таҷрибавӣ марҳилаҳои дуюм ва сеюми озмоишҳоро сипарӣ менамоянд. Кишварҳое, ки қариб аз 70 фоизи аҳолӣ намояндагӣ мекунанд, ба ин ибтикор шомил шуданд ва ё алоқамандии худро ҷиҳати ширкат дар он иброз намуданд.
«Ин ягона заминаи сартосарӣ барои тақсимоти одилона ва баробари афзорҳои мубориза бо COVID-19 мебошад», — гуфт Тедрос Аданом Гебрейесус.
– Вале барои ба муваффақият ноил шудан, барнома бояд маблағгузорӣ шавад». Ба гуфти ӯ, дар ҷаҳони имрӯза ин маблағгузории аз ҳама фоидаовар аст.
Мувофиқи гуфтаҳои директори генералии СУТ, ҷаҳон бояд якчанд намуд ваксинаҳои мухталиф эҷод кунад, то имкони таҳияи доруи муносибро зиёд намоянд. Вақте як ваксинаи муассир ва универсалӣ таҳия мешавад, таъкид кард ӯ, талабот ба он аз пешниҳод дида, ба маротиб зиёд хоҳад буд.
«Мо дар шароити иқтисоди ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунем, ки дар он кишварҳо аз якдигар барои мубодилаи молҳо ва хидматҳо, ҳамлу нақл ва таъминот вобастагӣ доранд», — гуфт Директори генералии СУТ. — Агар мо дар минтақаи дурдасттарини Замин аз вирус раҳо нашавем, мо дар маҷмӯъ иқтисоди ҷаҳонро барқарор карда наметавонем. Беҳтарин роҳи ба муваффақият расидан- ин якҷоя амал кардан ва ҳамбастагӣ мебошад».
Хотиррасон мекунем, ки 1 августи соли 2020 дар вебсайти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ваксинаи дуюми Пажӯҳишгоҳи илмӣ оид ба масъалаҳои бехатарии биологии Қазоқистон ҳамчун ваксинаи номзад бомуваффақият сабт шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ