Порлумони Аврупо интихоботи Белорусро эътироф накард

Порлумони Аврупо интихоботи Белорусро эътироф накард

  • Post category:Ҷаҳон


Порлумони Иттиҳоди Аврупо ғалабаи Александр Лукашенкоро дар интихоботи раисҷумҳурии Белорус эътироф накард. Дар ин бора хабаргузории Регнум гузориш дод.
Дар баёнияи порлумони Иттиҳоди Аврупо гуфта мешавад, ки интихоботи раисҷумҳурӣ дар Белорус озодонаву боадолат набуд. Намояндагон “паёмҳои боварнок” дар бораи ғалабаи Светлана Тихановскаяро ҳамчун ҳуҷҷат меоваранд.
Ҳамчунин, Александр Лукашенко дар Иттиҳоди Аврупо “persona non granat” эътироф мешавад.
Порлумони Иттиҳоди Аврупо талаб кард, ки дар Белорус интихоботи озодона зери назорати мушоҳидакунандагони мустақил баргузор шавад. Брюссел низ ба баргузории тафтиши зӯроварӣ алайҳи эътирозгарон даъват кард.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ