Лукашенко: Шумо ҳамеша тарафдори ман будед. Мардум: Не!

Лукашенко: Шумо ҳамеша тарафдори ман будед. Мардум: Не!

  • Post category:Ҷаҳон


Александр Лукашенко имрӯз, 17 август ба як корхонаи Минск барои мулоқот бо коргарони эътирозгар рафт. Дар ин ҷо коргарони чандин корхона ҷамъ омада буданд.
Лукашенко дар суханронии худ гуфт, ки таҳти фишор аз мақоми раисҷумҳурӣ намеравад. Ӯ таъкид кард, ки омода аст баъди қабули сарқонуни нав раисҷумҳуриро ба каси дигар бидиҳад.
Мулоқоти Лукашенко бо коргарон осон нагузашт.
Ӯ ба коргарон муроҷиат кард:

  • Шумо, коргарон низ маро мешиносед. Шумо ҳамеша тарафдори раисҷумҳур будед.
    Дар ҷавоб чунин нидоҳо омад:
  • Не!
  • Рав!
    Баъд Лукашенко гуфт, “Хиёнат ин ваҳшатноктарин чиз дар зиндагӣ аст. Ташаккур. Ман ҳама сухани худро гуфтам, акнун метавонед “Рав!” гӯён дод занед.
    Манбаъ: ru.euronews.com
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ