Дар Аврупо клубҳои шабона ва дискотекаҳоро дубора мебанданд

Дар Аврупо клубҳои шабона ва дискотекаҳоро дубора мебанданд

  • Post category:Ҷаҳон


Вазъият дар Аврупо боз ҷиддитар мешавад.
Дар Испания, ки паҳншавии COVID-19 нисбат ба дигар кишварҳои аврупоӣ суръати баландтар дорад, клубҳои шабонаи Мадрид ва минтақаҳои осоишгоҳӣ баста шуданд, ба фаъолияти ресторанҳо то шаб рухсат аст. Ҳамчунин, сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамоатӣ мумкин нест. Одамон зарурат набошад ба фосилаи иҷтимоӣ бояд риоя кунанд. Рафтани мардум ба хонаҳои пиронсолон маҳдуд мешавад.
Дар Фаронса паиҳам рӯзи савум шумори мубталоёни нави коронавирус бештар аз 3 ҳазор аст. Шумори шаҳру ноҳияҳое, ки ниқобпӯшӣ ҳатто дар кӯчаҳо маҷбурӣ аст, меафзояд. Шаҳрҳои Париж ва Марсел минтақаҳои хеле хатарнок эълом шудаанд.
Ҳукумати Италия ба муддати 3 ҳафта фаъолияти дискотека ва марказҳои рақсро қатъ мекунад ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ин бор ҳақ надоранд, ки мустақилона дубора ба фаъолияти онҳо рухсат диҳанд. Илова бар ин, аз соати 6-и шом то 6-и субҳ ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои пуродам маҷбурӣ аст.
Юнонистон, ки намехоҳад шумои беморон дар миёни сайёҳони хориҷӣ зиёд шавад, феҳристи кишварҳоеро, ки шаҳрвандонашон бояд ҳамроҳашон тести манфии COVID-19 дошта бошанд, калонтар мекунад. Белгия, Испания, Ҳолланд, Чехия ва Шветсия шомили ин феҳрист шуданд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ