Дар Санкт-Петербург муҳоҷири ӯзбекистониро аз ошёнаи сеюм ба замин партофтанд

Бегоҳии 15-уми август дар ноҳияи Пушкини Санкт-Петербург се мард як меҳмони 28-солаи Ӯзбекистонро аз тирезаи ошёнаи сеюми ба замин партофтаанд. Дар ин бора портали “Moika78” хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ ҷабрдида дар беморхона бистарӣ шудааст. Табибон ҳолати беморро хуб арзёби намуда, пас аз расондани ёрии тиббӣ ба хона ҷавоб додаанд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ин ҷиноят як меҳмони 26-сола аз Украина ва ду шаҳрванди Озарбойҷонро бо гумони содир кардани ҷиноят дастгир кардаанд.
Дар бораи ба кадом хотир даст ба ин амал задани ҷинояткорон то ҳол маълум нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ