Эколог: “Мо ҳалли муаммои пластикҳоро аз роҳи нодуруст оғоз кардаем”

Эколог: “Мо ҳалли муаммои пластикҳоро аз роҳи нодуруст оғоз кардаем”


Инсоният афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пластикиро, ки як бор истифода мешавад, идома медиҳад. Мария Малороссиянова, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ҷунбиши сабзи Русия мегӯяд, ки бо чунин раванд ҳалли муаммои пластикҳо дар ҷаҳон имконнопазир аст. Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “МИР 24” гуфт, ки чӣ гуна аз ин вазъият берун омадан мумкин аст.
Мутахассис гуфт, “Эҳтимолан мо ҳалли муаммои пластикҳоро аз роҳи нодуруст оғоз кардаем… Яке аз ҳалли он ҷустуҷӯи ҷойгузинҳои (алтернатив) бисёристифода мебошад. Бояд дар бораи тақдири минбаъдаи ҳар як чизеро, ки истеҳсол мешавад, фикр кард, он ҳангоми истеҳсол ва ҳангоми истифода ба муҳити зист чӣ гуна таъсир мекунад, чӣ гуна аз он халос ёфтан мумкин, то ба муҳити зист зарар нарасонад… Аз ин баъд афзоиши истеҳсоли пластикҳо номумкин аст. Мо ба ҳадди он расидем – 400 тонна дар як сол. Равшан аст, ки барои инсоният назорати он имконпазир нест”…
Малороссиянова афзуд, ки муаммои партовҳои пластикӣ дар Русия низ ҷиддӣ аст. Истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ, ки як бор истифода мешаванд, кам намегардад. Дар ин ҷо чунин зиддият вуҷуд дорад: Он ба муҳити зист зарар дорад, ки маълум аст, ҳамзамон ин барои иқтисод самара дорад.
Дар зимн, ӯ бовар дорад, комилан даст кашидан аз пластикҳо имкон надорад.
Манбаъ: Мир 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ