Беҳтарин смартфонҳои сол муайян шуданд


Мутахассисони Expert Imaging and Sound Association беҳтарин смартфонҳои солро эълон карданд. Аз назари онҳо, OnePlus 8 Pro беҳтарин смартфони соли ҷорӣ аст. Ин смартфон чипи Snapdragon 865, экрани 6,78 дюймии OLED, хотираи сареъи (оперативка) 8 гигабайтӣ ва камера бо 4 дурбин (объектив) дорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, OnePlus 8 Pro дорои технологияҳои пешрафта ва тарҳи зебо аст.
Oppo Find X2 Pro смартфони мукаммал эътироф шуд. Корпуси чармин, экрани AMOLED ва камераи ин смартфон, ки 3 дурбин дорад, баҳои баланд гирифтанд.
Huawei P40 Pro беҳтарин смартфони дорои камераи мобилӣ унвон гирифт.
Huawei Watch GT 2 беҳтарин соати боҳуш (смарт-соат) эътироф шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ