200 доллар – “нархи берун овардани мурда аз морг”


Дар пойтахт мансабдоре, ки барои аз мурдахона берун овардани мурда 200 доллар талаб кард, боздошт шуд. Дар ин бора Ҳаёт Шамсутдинов, раиси маркази матбуотии додситонии кулл (генпрокуратура) хабар дод.
Ба гуфтаи Шамсутдинов, муовини раиси шӯъбаи маркази илмиву амалии экспертизаи тиббии додгоҳ (суд) дар шаҳри Тошканд бо суи истифода аз вазифаи худ ба як шаҳрванд ваъда медиҳад, ки ҷасади як хеши ӯро аз мурдахона берун меоварад ва ба ӯ месупорад. Барои ин “хидмат” муовин 200 доллар талаб мекунад.
Ӯ ҳангоми дарёфти 200 доллар боздошт шуд.
Дар ин маврид бар асоси банди “в”, қисми 2-и моддаи 210-и кодекси ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тафтишот идома дорад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ