Дар як ҳафта дар Токио 27 нафар қурбони гармои тобистон шуданд

Дар як ҳафта дар Токио 27 нафар қурбони гармои тобистон шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Бино ба маълумоти расмӣ дар 6 рӯзи гузашта дар пойтахти Япония – шаҳри Токио 27 нафар бар асари гармозадагӣ вафот карданд. Дар ин бора NHK хабар дод.
Синни 70 дарсади онҳо аз 70 боло буд. Синни дигарон аз 50 то 70 буд.
Бояд гуфт, ки 26 нафари қурбониён на дар кӯчаҳои гарму тафсон, балки дар дохили биноҳои гуногун вафот карданд. Набудани кондитсионер дар биноҳо дар чунин рӯзҳои тафсон боиси марги онҳо шуд.
Танҳо дар моҳи август дар Токио 53 нафар бар асари гармо вафот карданд. Мутахассисони Токио пешниҳод мекунанд, ки сокинон дар ин рӯзҳои тобистонӣ кондитсионерро хомӯш накунанд ва зуд-зуд об нӯшанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ