10 нафар мутахассиси Чин барои ёрӣ дар мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон меоянд

10 нафар мутахассиси Чин барои ёрӣ дар мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон меоянд


Рустам Икромов, узви штаби мубориза бо коронавирус дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз Чин 10 нафар мутахассиси тиббӣ ба Ӯзбекистон меоянд. Онҳо таҷрубаҳои худро дар мубориза бо коронавирус ба шифокорони ӯзбекистонӣ ёд медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин аз Чин 15 нафар мутахассиси чинӣ, 40 нафар шифокори рус ва мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ ва Олмон низ барои ёрӣ дар мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон омада буданд.
Манбаъ: daryo.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ