Бозорҳо фаъолиятро барқарор карданд

Бозорҳо фаъолиятро барқарор карданд

Дар вилояти мо дар даври карантин низ бо мақсади таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ҳаррӯзаи рӯзгор фаъолияти бозорҳои деҳқонӣ бе маҳдудият давом дорад. Вале дар фаъолияти бозорҳои ғайрихӯрокворӣ фосилаҳо шуданд.
Бо сабук шудани чораҳои карантин аз 15-уми август дар вилоятамон фаъолияти 58-то бозор ва маҷмӯи савдо пурра ба роҳ монда шуд. Пеш аз оғози кор дар даромадгоҳи онҳо даричаи дезинфексия бо воситаҳои антисептикӣ гузошта шуданд. Шаҳрвандонеро, ки ниқоб напӯшидаанд, ба бозор даромадан намемонанд. Ба даромадгоҳи дӯконҳо ва дару тирезаҳои онҳо плёнка гузошта, ба таври доимӣ дизенфексия мекунанд. Дар маҷмӯаҳои савдо риояи масофаи иҷтимоӣ (2 метр) ва талаботи санитариву гигиенӣ назорат карда мешавад.
Дар бозорҳо ва маҷмӯаҳои савдо дар рӯзҳои муқаррарӣ ва бо тартиби қатъӣ гузарондани рӯзҳои санитарӣ муайян гардидааст.
Акмал ҚУДРАТОВ,
ҷонишини раиси Иттиҳодияи бозор
ва маҷмӯаҳои савдои вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ