Як садама дар Сурхондарё боиси марги 6 нафар шуд

Як садама дар Сурхондарё боиси марги 6 нафар шуд


Дар натиҷаи як садама дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё 6 нафар кушта шуданд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
Ронандаи 30-солаи автомобили Cobalt дар роҳ ба қоидаи ҳаракат риоя накард ва назоратро аз даст дод. Дар натиҷа автомобил ба хатти муқобил дохил шуд ва ба Spark бархӯрд.
Ронандаи 27-солаи Spark ва мусофири 30-солаи он, мусофири 31-сола дарр ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои вазнин вафот карданд. Боз як нафар қурбони садама кӯдаки думоҳа буд.
Ҳамчунин, мусофири 26-солаи Spark ва мусофири дигари Cobalt – кӯдаки панҷсола дар бемористон даргузаштанд.
Илова бар ин 5 нафар мусофир ва ронандаи Cobalt бо захмҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.
Дар мавриди ин садама парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тафтишот идома дорад.
Манбаъ: daryo.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ